Матни мазкур матни тарҷумашуда мебошад. Он метавонад ѓалатҳо дошта бошад ва ё нисбати варианти Англисӣ кӯҳна шуда бошад. Тарҷумон: Thomas G.
Қатораи ҷадвалҳои сабку услубҳо (CSS) ин механизми оддии ба Веб-саҳифа илова намудани сабку услуб аст (ба мисли навъи ҳарф (шрифт), ранѓ, фосилаҳо).
Саҳифаи мазкур маълумотро дар бораи тарзи омӯзиш ва истифодаи CSS ва таъминоти дастраси барномавиро дар бар кардааст. Инчунин навигариҳо аз ѓурӯҳи кории CSS.
Навигариҳо бештар ин ҷо, “The Future of Style.”
Баъзе махсусиятҳо CSS Working Group:
Гурӯҳи корӣ дар блоги худ мунтазам маърӯзаҳо нашр мекунад, маърӯзаҳои охирин:
Қисми CSS WG (гурӯҳи корӣ), Мая 2016.
<www-style@w3.org> бойгонии мактубҳо мавзеи баррасии инкишофи минбаъдаи CSS. (CSS гурӯҳи корӣ низ ин бойгониро барои баррасиҳои дигар истифода мекунад) Ҳар кас метавонад обуна шавад (худро аз ҳисоб бароварад ва ё дастурамалро, аз назар гузаронад.)
Агар шумо дар ташкилоти аъзои WЗC, кор мекунед, шумо низ метавонед ба гурӯҳи корӣ ҳамроҳ шавед.
Қариб ҳамаи браузерҳо дар айни ҳол CSS ва замимаҳои зиёди дигарро дастгирӣ мекунанд. Барои навиштани CSS барои шумо муҳаррири матнӣ кифоя аст, вале олоти зиёде мавҷуданд, ки раванди мазкурро осон мегардонанд.
Албатта, тамоми таъминоти барномавӣ ҳатто пас аз таҷдиди чандкарата иштибоҳҳо дорад. Ва баъзе барномаҳо аз татбиқи CSS модулҳои охирин дар муқоиса бо дигарҳо ҳоло дур аст. Сомонаҳои гуногун иштибоҳ ва роҳҳои мустақимро тасвир месозанд.
Барои шурӯъкунандагон, Оѓози кор бо HTML + CSS чї тавр сохтани ҷадвали сабку услубро меомӯзонад. Барои дарҳол ворид гардидан ба CSS қисми дуюми Lie & Bos ё Dave Raggett's муқаддима ба CSS, истифода карда бинед. Ва ё намунаи услубсозии XML и CSS маслиҳатҳои & трюкҳо.
Боз саҳифае мављуд аст, ки китобҳои гуногун, рӯйхатҳо расонаҳо , форумҳо ва истинодҳо ба феҳрастҳои дигар дорад.
Таърихи CSS дар боби 20-и китоби Cascading Style Sheets, designing for the Web (Қатораи Љадвалҳои Сабку Услубҳо, веб-дизайн), муаллифон Hakon Wium Lie ва Bert Bos (2nd ed., 1999, Addison Wesley, ISBN 0-201-59625-3)